Роҳи Ворух-Исфара барои ҳаракати нақлиёт ва равуо боз шуд

Бахманёр Надиров, Asia-Plus

Ҳаракати нақлиёт ва равуои одамон бо роҳи Ворух-Исфара баъди панҷ рӯзи баста шудан дубора имконпазир шуд.

Роҳи мазкур, ки қаблан аз ҷониби қирғизҳо баста шуда буд, пас аз гуфтушунидҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон боз шуд. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ба роҳ надодани муноқишаҳо дар сарҳад ҳамаҷониба талош хоҳанд варзид.

Дар шарҳи натиҷаҳои гуфтушунид, ки дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ доир гардид, муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки дастоварди муҳими он аз роҳи Исфара-Ворух дур кардани марзбонони ҳарду кишвар мебошад.

Қобили зикр аст, ки Ворух барои Тоҷикистон эксклав ва барои Қирғизистон анклав шуморида мешавад. Эксклав – қаламравест, ки дар дигар кишвар воқеъ буда, ба ин давлат тобеъ аст. Анклав – қаламраве, ки дар дохили як кишвар воқеъ буда, лекин ба ин давлат тобеъият надорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...