Гирифтории 307 нафар маҳбусон дар Тоҷикистон ба бемории ВНМО

Шумори расмии гирифторон ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 307 нафарро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар гузориши соли 2018-и Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. Дар гузориш зикр мегардад, ки сатҳи баланди маргумир ва гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ мушкилоти асосии муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мебошанд. “Соли гузашта 4 ҳазору […]

Шумори расмии гирифторон ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО, ВИЧ) дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 307 нафарро ташкил медиҳад, қайд мешавад дар гузориши соли 2018-и Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Дар гузориш зикр мегардад, ки сатҳи баланди маргумир ва гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ мушкилоти асосии муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон мебошанд.

“Соли гузашта 4 ҳазору 600 нафар маҳбусон аз санҷиши гирифторӣ ба ин беморӣ гузашта, боз 30 нафар шахсони нави ба он мубталошуда ошкор шуданд, ки 262 нафарашон бо табобат фаро гирифта шудаанд”, – омадааст дар гузориш.

Аз гузориш бармеояд, ки соли 2018 дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ 173 ҳодисаи нави сироят ёфтан аз бемории сил ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, сол то сол шароити будубоши маҳбусон ва муносибати кормандони муассиса ба онҳо хубтар мешавад.

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои инсон дар муассисаҳои пӯшида ё қисман пушида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон ташкили корҳои шарҳу тавзеҳро дар бораи меъёрҳои байнулмилалӣ ва дохилӣ, ҳамчунин мунтазам баргузор кардани пайгирӣ (мониторинг)-и фаъолияти чунин муассисаҳоро тавсия медиҳад.

Қобили зикр аст, ки чунин гузориш бори нахуст замони сари мансаб омадани Ваколатдори нав Умед Бобозода, ки аввали моҳи март бо фармони президент ба ин вазифа таъин шуд, ба чоп расид. То ин дам муддати 10 сол ин вазифаро Зариф Ализода бар дӯш дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.