Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019” дар Душанбе

Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019” давоми рӯзҳои 28-31 март дар маҷмаии давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе доир мегардад. Ба ҷуз ширкатҳои Тоҷикистон, то ин замон баҳри иштирок дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳо аз Русия, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва Афғонистон сабтином шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Палатаи свдо ва саноати Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи […]

Намоишгоҳи байнулмилалии универсалии “Тоҷикистон-2019” давоми рӯзҳои 28-31 март дар маҷмаии давлатии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ба ҷуз ширкатҳои Тоҷикистон, то ин замон баҳри иштирок дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳо аз Русия, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва Афғонистон сабтином шудаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Палатаи свдо ва саноати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи кори намоишгоҳ санаи 28 март баргузор шудани Форуми доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои иштирокчии ин чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, арзиши иҷораи лавҳаи намоишгоҳ барои 1 метри мураббаъ 120 доллар ва ҳақмузди бақайдгирӣ низ 120 долларро ташкил медиҳад.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногун, аз қабили таҷҳизот ва технологияҳои энергетикӣ, таҷҳизоту техникаи саноати кӯҳкорӣ, нуриҳои минералӣ, техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти саноати хӯроквоӣ, саноати сабук, техникаи тиббӣ, маҳсулоти доруворӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо, воситаҳои наҷотдиҳӣ ва ҳифз аз сӯхтор, таҷҳизоти истеҳсоли бозиҷаҳои кӯдакона ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.