Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе идома дорад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гармидиҳӣ ба бинову иншооти қисмати шарқӣ ва ғарбии пойтахт қатъ шуда, ба кисмати марказии шаҳр идома дорад.

Аз санаи 1 апрел дегхонаҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ дар робита ба анҷоми мавсими гармидиҳӣ ба кори худ хотима бахшиданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе».

Бино ба иттилои манбаъ, бинобар сабаби зарурати истеҳсоли нерӯи барқ дар Марказҳои барқу гармидиҳӣ, то ҳол ба қисмати марказии шаҳр гармӣ дода мешавад. Дар корхона аз кай қатъ шудани кори Маркази барқу гармидиҳӣ огаҳӣ надоранд.

Зимнан шарҳ дода шуд, ки чунин қарорҳо дар сатҳи ҳокимият қабул шуда, шабакаҳои гармидиҳӣ иҷрокунандагони он мебошанд.

Аз ширкати “Барқи тоҷик” ва мақомоти шаҳрдории пойтахт дастрас кардани маълумот дар бораи вақти анҷоми мавсими гармидиҳӣ муяссар нашуд.

Сокинони шаҳр аз ҳарорати беҳад гарм дар манзилҳои худ бинобар сабаби то ҳол гармӣ интиқол ёфтан ба онҳо шикоят доранд.

Мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе ҳамасола нимаи моҳи ноябр оғоз гардида, то нимаи моҳи марти соли дигар идома меёбад. Тирамоҳи соли гузашта бошад, бо сабаби барвақт фаро расидани сардиҳо, интиқоли гармӣ даҳаи охири моҳи октябр оғоз шуд.

Аҳолии пойтахтро корхонаи «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» бо гармӣ таъмин мекунад, ки онро дар навбати худ аз Марказҳои барқу гармидиҳӣ ( корхонаҳои тобъеи ширкати “Барқи тоҷик”) мегирад.

Айни замон барои ҳар як метри мураббаъи манзил аҳолӣ ба МД «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» дар як моҳ 1,03 сомонӣ маблағ пардохт мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...