Назоратчиён дар автобусу троллейбусҳои шаҳри Душанбе

Asia-Plus

Дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе – автобусу троллейбусҳо акнун назоратчиён (контролёрон)-и махсус кор мекунанд, ки ба санҷиши тартиби пардохт ва ошкор намудани шахсони бебилет уҳдадоранд.

Ташаббуси дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ҷорӣ намудани хадамоти назоратчиён дар доираи давра ба давра амалисозии Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» сурат мегирад.

Назоратчиён ба Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва оператори низоми пардохти автоматишуда ва назорати равуо дар нақлиёти шаҳри Душанбе «City Card» тобеъ мебошанд.

Ҳадаф аз ташкили гурӯҳи назоратчиён санҷиши кортҳои ҳақиқии равуо доштани мусофирон, тартиб додани ҳисоботнокӣ ва мусоидат ба беҳбуди кори низом тариқи баргузории мониторинг унвон мешавад.

Вазифаҳои хизматӣ ва ҳуқуқи назоратчиён

«City Card» ба таъмини назоратчиён бо таҷҳизоти зарурии назорати пардохти роҳкиро – POS-терминали махсус уҳдадор аст, ки тавассути он онҳо пардохти роҳкироро аз ҷониби мусофир, дар суратҳсобаш мавҷуд будани маблағ ва ғайраро месанҷанд.

Дар чаҳорчӯби санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи воситаҳои нақлиёт ва муқаррароти МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон» уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои назоратчиён муайян шудааст.

Назоратчӣ ҳуқуқ дорад ба:

– Дархости пешниҳоди билет барои санҷиш;

– талаби пардохти роҳкиро;

– аз воситаи нақлиёт фаровардани мусофир дар сурати рад шудани пардохти роҳкиро;

– аз воситаи нақлиёт фаровардани мусофир дар ҳолати вайрон кардани тартибот дар нақлиёти ҷамъиятӣ;

– дар сурати қонуншиканӣ дархост намудани пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият барои тартиб додани санади намунаи дахлдор ва фиристодани он ба мақомоти марбута.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...