Имсол дар Тоҷикистон дар майдони қариб 189 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2019 дар Тоҷикистон дар майдони 188,5 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 910 гектар зиёдтар аст. Соли 2018 нақшаи ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ иҷро нашуд: ба ҷойи 187,5 ҳазор гектри пешбинишуда дар майдони 184,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда буд.

Барои саривақт ва пурсамар анҷом додани маъракаи кишт аз ҳисоби мутахассисон ва олимон ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки ба ин маъркака роҳбарӣ кардаву машваратҳо медиҳад, хабар доданд аз Вазорати кишоварзии ҶТ.

Ба санаи 9 апрел кишти пунбадона дар майдони 113,2 ҳазор гектар ба анҷом расидааст, ки беш аз 60%-и нақшаро ташкил медиҳад. Нақшаи кишти пахта дар вилояти Хатлон – 78%, Суғд – 29,7% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 9,4% ба иҷро расидааст.

Бино ба гуфтаи кишоварзон, дар вилояти Суғд ва водии Ҳисор кишти пахта бар асари тез-тез боридани борон каме дертар сурат гирифта истодааст.

Дар саросари кишвар барои анҷоми кишти пунбадона 1 868 адад техника – трактору тухмипошакҳо сафарбар шудааст.

“Дар робита ба афзоиши талаботи бозор ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки имсол майдони кишти пахта зиёд карда шавад”, – қайд мекунанд мутахассисони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Соли 2017 дар Тоҷикистон дар майдони 174 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, кишоварзон 380 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд. Соли 2018 нишондиҳанда кам шуда, наздики 300 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки нахи пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 181,6 млн. доллар қариб 93 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...