Сохтмони боз як пули пайвандгари Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби Бунёди Оғохон

Бунёди Оғохон бо ҷалби сармояи шарикон дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон боз як пули нав месозад. Лоиҳаи созишнома байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон дар ҷумҳурӣ дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пули нав аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шудааст. Дар созишнома сохтмони пули 180-метра бо роҳҳои мошингарди пайвастшаванда ба он […]

Бунёди Оғохон бо ҷалби сармояи шарикон дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон боз як пули нав месозад.

Лоиҳаи созишнома байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бунёди Оғохон дар ҷумҳурӣ дар бораи ҳамкорӣ оид ба сохтмони пули нав аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шудааст.

Дар созишнома сохтмони пули 180-метра бо роҳҳои мошингарди пайвастшаванда ба он (18,5 км) дар қитъаи Кокули ноҳияи Фархори вилояти Хатлон пешбинӣ шуда, пули нав ноҳияи Фархорро бо ноҳияи Ойхонуми вилояти Тахори Афғонистон пайваст месозад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин лоиҳа аз ноҳияи Восеъ то ноҳияи Фархор роҳи автомобилгарди 50-километра сохта мешавад.

Маблағгузорӣ ба лоиҳа аз ҷониби Комиссияи Аврупо тавассути Бонки рушди Олмон ва Барномаи минтақавии ҳамгиройии Покситону Афғонистон ва Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ба Вазорати нақлиёт ҷиҳати имзои созишномаи мазкур ва зимни зарурат ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он, ки хусусияти усулӣ надоранд, дастур додааст.

Ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки бо тартиби муқарраршуда сана ва макони имзои санадро бо Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон мувофиқа кунад.

Қобили зикр аст, ки айни замон байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳафт пул сохта шудааст. Қаблан Бунёди Оғохон дар қаламрави Бадахшон панҷ пул сохта, боз бо як пул ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро бо музофоти Хоҳон дар Афғонистон пайваст намуд. Ҳамчунин як пул дар болои дарёи Панҷ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати ИМА бунёд гардидааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.