Имсол дар Тоҷикистон дар майдони қариб 189 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад

Соли 2019 дар Тоҷикистон дар майдони 188,5 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 910 гектар зиёдтар аст. Соли 2018 нақшаи ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ иҷро нашуд: ба ҷойи 187,5 ҳазор гектри пешбинишуда дар майдони 184,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда буд. Барои саривақт ва пурсамар анҷом додани маъракаи кишт аз ҳисоби […]

Соли 2019 дар Тоҷикистон дар майдони 188,5 ҳазор гектар пунбадона кишт мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 910 гектар зиёдтар аст. Соли 2018 нақшаи ҷамъоварии пахта дар ҷумҳурӣ иҷро нашуд: ба ҷойи 187,5 ҳазор гектри пешбинишуда дар майдони 184,5 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда буд.

Барои саривақт ва пурсамар анҷом додани маъракаи кишт аз ҳисоби мутахассисон ва олимон ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки ба ин маъркака роҳбарӣ кардаву машваратҳо медиҳад, хабар доданд аз Вазорати кишоварзии ҶТ.

Ба санаи 9 апрел кишти пунбадона дар майдони 113,2 ҳазор гектар ба анҷом расидааст, ки беш аз 60%-и нақшаро ташкил медиҳад. Нақшаи кишти пахта дар вилояти Хатлон – 78%, Суғд – 29,7% ва ноҳияҳои тобеи марказ – 9,4% ба иҷро расидааст.

Бино ба гуфтаи кишоварзон, дар вилояти Суғд ва водии Ҳисор кишти пахта бар асари тез-тез боридани борон каме дертар сурат гирифта истодааст.

Дар саросари кишвар барои анҷоми кишти пунбадона 1 868 адад техника – трактору тухмипошакҳо сафарбар шудааст.

“Дар робита ба афзоиши талаботи бозор ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки имсол майдони кишти пахта зиёд карда шавад”, – қайд мекунанд мутахассисони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Соли 2017 дар Тоҷикистон дар майдони 174 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, кишоварзон 380 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуданд. Соли 2018 нишондиҳанда кам шуда, наздики 300 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда шуд.

Қобили зикр аст, ки нахи пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 181,6 млн. доллар қариб 93 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.