Осеби гелос аз обуҳавои боронӣ дар Тоҷикистон

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ба обуҳавои боронии пайдарпай дар Тоҷикистон муғчаҳои дарахти гелос бештар осебпазир буда, қисмате аз меваи ин дарахтон аллакай осеб дидаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, майдони умумии боғҳои меваи дарахтони донакдор дар Тоҷикистон 78 ҳазор гектарро ташкил дода, асосан аз дарахтони зардолу, олу, гелос, олуча ва шафтолу иборат аст.

Минтақаҳои асосие, ки дар он бештар гелоси ширину болаззат пухта мерасад, ноҳияҳои Вахш ва водии Ҳисор ба шумор мераванд.

“Дар шароити нигоҳубину парвариши хуб ва обуҳавои мусоид, дар як мавсим аз як гектари боғи дарахтони мевагӣ метавон то 6 тонна ҳосил ба даст овард, – мегӯяд яке аз фермерони Ҳисор. – Имсол аз ҳосили хуб интизорӣ дорем, давраи шукуфтани муғчаҳо муътадил гузашта, лекин борону жолаи кӯтоҳмуддат дар баъзе минтақаҳо ба ҳосили мева зарар расонид”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...