Ҳушдори обуҳавошиносон аз борони селу жола ва поинравии ҳарорат

Дар давраи аз 16 то 17 апрел ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар саросари Тоҷикистон боришоти шиддатнок пешгӯӣ мешавад. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ҳисор, Ёвон, Кӯлоб, Шӯрообод, Ховалинг, Муъминобод, Истаравшан ва Панҷакент боронҳои пайдарпайи шиддатнок дар назар аст. Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеи марказ (Дарбанд, Варзоб, Майхура) боронҳои селу […]

Дар давраи аз 16 то 17 апрел ба ҷуз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар саросари Тоҷикистон боришоти шиддатнок пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ҳисор, Ёвон, Кӯлоб, Шӯрообод, Ховалинг, Муъминобод, Истаравшан ва Панҷакент боронҳои пайдарпайи шиддатнок дар назар аст.

Дар ноҳияҳои ҷудогонаи тобеи марказ (Дарбанд, Варзоб, Майхура) боронҳои селу раъду барқ ва жола аз эҳтимол дур нест. Рӯзона ҳарорат дар водиҳо то 8-10 дараҷа поин меравад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки бар асари боришоти зиёд дар рӯдхонаҳои доманаи қаторкӯҳи Хисор, дарёҳои Яхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), Обихингов, Кофарниҳон, Элок, Сурхоб ҳамчунин шохаҳои дарёи Зарафшон (ноҳияи Паҷакент) болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Дар ҳавзаҳои дарёҳои дар боло зикршуда ҳодисаҳои селфароӣ ва дар ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ (дар баландии беш аз 3000 метр) ҳолатҳои фаромадани тарма имкон дорад.

Дар шаҳри Душанбе боридани борон ва раъду барқ дар назар буда, ҳарорат рӯзона то 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.