Ҷамъоварии беш аз 40 млн. доллар барои маъракаи нави интихоботии Трамп

Тими президенти ИМА Доналд Трамп дар давоми се моҳи ахир барои маъракаи нави интихоботии ӯ дар соли 2020 сӣ миллион доллар ҷамъ кардааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маблағи умумии ҷамъшуда, бо назардошти сармояҳое, ки соли гузашта ворид шудааст, ҳудуди 41 миллион долларро ташкил медиҳад. 99 дарсади ҷонибдорони Трамп наздики 200-долларӣ кумак кардаанд. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Тими президенти ИМА Доналд Трамп дар давоми се моҳи ахир барои маъракаи нави интихоботии ӯ дар соли 2020 сӣ миллион доллар ҷамъ кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, маблағи умумии ҷамъшуда, бо назардошти сармояҳое, ки соли гузашта ворид шудааст, ҳудуди 41 миллион долларро ташкил медиҳад. 99 дарсади ҷонибдорони Трамп наздики 200-долларӣ кумак кардаанд.

Гуфта мешавад, номзадҳои демократ – сенаторҳо Бернӣ Сандерс ва Элизабет Уоррен 39 миллион доллар ҷамъ намудаанд.

Трамп ба маъракаи нави интихоботии худ моҳи январи соли 2017, ҳамагӣ чанд соат пас аз ёд кардани савганд ҳамчун раисҷумҳури ИМА расман оғоз бахшид. Ягон президенти амалкунандаи ИМА маъракаи интихоботии дубораи худро ба монанди Трамп барвақт эълом накардааст.

Хотиррасон мешавад, ки Барак Обама, президенти пешини ИМА маъракаи интихоботи дувуми худро ним сол пеш аз интихобот оғоз карда буд. Он замон ситоди интихоботии ӯ ҳудуди 2 миллион доллар дошт.

​Тими Доналд Трамп тасмим дорад, барои интихоби дубораи ӯ ба мақоми президентии ИМА як миллиард доллар ҷамъ кунад. Обама соли 2012 720 миллион доллар ҷамъ карда буд.

Зимнан зикр мегардад, ки маъракаи интихоботи навбатии президентии ИМА соли 2020 баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.