Машғулиятҳои саводнокии молиявии “Бонки Эсхата” ба беш аз 2000 ҳазор нафар наврасон

Дар доираи Global Money Week ё ин ки ӽафтаи саводнокии молиявӣ имсол низ омӯзонидани ҷавонону наврасони кишвар аз ҷониби Бонки Эсхата ба роӽ монда шуд.  Ӽафтаи мазкур бо даъват кардани донишҷӯёни 4 донишгоӽи ш. Хуҷанд оғоз гардид: Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд (ДПДТТ), Донишкадаи Иқтисод ва Савдои Донишгоҳи […]

Иттилоияи расмӣ

Дар доираи Global Money Week ё ин ки ӽафтаи саводнокии молиявӣ имсол низ омӯзонидани ҷавонону наврасони кишвар аз ҷониби Бонки Эсхата ба роӽ монда шуд. 

Ӽафтаи мазкур бо даъват кардани донишҷӯёни 4 донишгоӽи ш. Хуҷанд оғоз гардид: Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ш.Хуҷанд (ДПДТТ), Донишкадаи Иқтисод ва Савдои Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ДИСДДТТ), Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (ДДТ) ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (ДДХ).

 Барои донишҷуёни муассисаӽои таълимии номбаршуда санаи 28 март аз ҷониби кормандони Бонки Эсхата Конфронс ташкил ва гузаронида шуд. Мавзӯъи Конфронс на танӽо ба баланд бардоштани саводнокии молиявӣ равона карда шуда буд, инчунин фаъолияти 25-солинаи Бонки Эсхатаро низ дар бар гирифт. Дар доираи соли ҷашнӣ барои бонк, роӽбарону мутахассисони равияӽои гуногуни бонк иштирокчиёни Конфронсро бо ӽаёт ва фаъолияти Бонки Эсхата, таърихи пайдоиш, рисолат ва стратегия, музаффариятӽо ва хизматрасониӽои бонк шинос карданд.

Яке аз қисмати шавқовари Конфронси мазкур бозиӽои интерактивӣ ва викторинаӽо маӽсуб меёбанд, ки дар рафти он донишҷуен донишу маӽорати баланд нишон дода, пурра ба равиши бозӣ ҷалб карда шуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯён дар рафти кори гурӯӽи фаъолнокии баланд нишон дода, дар мавзӯъи “Нақши пул дар расидан ба мақсадӽои ман” баромадӽои пурмазмун омода карданд.

Ниӽоят ғолиби бозиӽои интерактивӣ дастаи донишҷӯён аз ДПДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ  дониста шуд. Бонки Эсхата дастаи ғолиб ва муаррифкунандагони корӽои гуруӽиро бо сертификатӽо барои гирифтани кортӽои локалӣ бо дизайни махсус қадрдонӣ намуданд.

Чунин Конфронсӽо бо барномаи ӽавасмандгардонии мазкур дар Донишгоӽи Технологии Тоҷикистон дар ш.Душанбе, Донишгоӽи Тиҷорати Тоҷикистон дар ш.Душанбе, Донишгоӽи давлатии ш.Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар ш.Кӯлоб.

29 март дар идораи сарбонки Бонки Эсхата бизнес-бозии “Дукони шарбатӽои мевагӣ” барои донишҷуени Муассисаӽои таълимии ш.Хуҷанд баргузор гардид. Бизнес-бозӣ барои мукаммал намудани асосӽои дониши иқтисодӣ, тарбия кардани тафаккури соӽибкорона ва шиносоӣ бо воситаӽои одии молиявӣ равона карда шудааст. Дар бозии мазкур дастаи донишҷуени ДДХ беӽтарин дониста шуда, Ҷоми Эсхатаро соӽиб шуданд.

Инчунин дар ӽама минтақаӽои фаъолияти Бонки Эсхата барои толибилмони мактабӽои таӽсилоти миенаи умумӣ ва макотиби хусусӣ семинар дар мавзӯъи “Мо ва пул” гузаронида шуд. Иштирокчиени семинар аз тарзи дуруст истифода бурдани пул, банақшагирии хароҷотӽо ва ҷамъ кардани маблағ огоӽӣ пайдо намуданд. Дар рафти семинар бачаӽо дар ӽар гуна бозиӽои махсус фаъолона ширкат варзида, донишу истеъдоди баланди хешро муаррифи намуданд. Беӽтаринӽо бо тӯӽфаӽои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ӽамин тавр, дар доираи Ӽафтаи саводнокии молиявӣ ва соли ҷашнии Бонки Эсхата 37 мактабӽои миёнаи давлативу хусусӣ, Муассисаӽои таълимии олӣ ва ӽамчунин 2 коллеҷ: Коллеҷи омори ш.Ваӽдат ва Коллеҷи тиббии ш.Истаравшан фаро гирифта шуданд. Зиеда аз 2000 хонандагону донишҷӯён саводнокии молиявӣ гирифтанд, ки аз онӽо 1679 нафар хонандагони мактабӽо ва 340 нафарашон донишҷӯён мебошанд.

Бонки Эсхата бори дигар миннатдории самимии худро ба роӽбарият ва кормандони Муассисаӽои таълимии номбурдашуда изӽор намуда, барои дастгирӣ ва саӽмгузорӣ дар баланд бардоштани сатӽи маърифтанокии молиявии ҷавонону наврасон арзи сипосмандӣ менамояд. Инчунин миннатдории хешро ба кормандони филиалӽои бонк барои шавқмандӣ ва иштироки фаъолона дар Ӽафтаи саводнокии молиявӣ иброз медорем

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.