Тоҷикистон ба афзоиши истеҳсоли семент идома медиҳад

Корхонаҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон семоҳаи аввали соли равон наздики 843 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ. Ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (семоҳаи аввали соли 2018 – 774 ҳазор тонна) ба андозаи 9% афзудааст. Дар Вазорат қайд мекунанд, ки наздики 85%-и сементи […]

Корхонаҳои истеҳсоли сементи Тоҷикистон семоҳаи аввали соли равон наздики 843 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Ҳаҷми истеҳсоли ин масолеҳи сохтмон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (семоҳаи аввали соли 2018 – 774 ҳазор тонна) ба андозаи 9% афзудааст.

Дар Вазорат қайд мекунанд, ки наздики 85%-и сементи соли равон истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба ҳиссаи се корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Чунгтсай Моҳир семент», «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Хуаксин Ғаюр Суғд» рост меояд. Ҳиссаи корхонаи “Сементи тоҷик”-и пойтахт ҳамагӣ 6,4% аз ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, қариб 36%-и сементи истеҳсолшуда дар кишварро давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя содирот намуд. Аз ҷумла 150 ҳазор тонна ин навъи масолеҳи сохтмон ба Ӯзбекистон, зиёда аз 140 ҳазор тонна – ба Афғонистон ва боз қариб 12 ҳазор тонна – ба Қирғизистон фурӯхта шудааст.

Моҳи марти соли ҷорӣ раҳбарияти Вазорати саноат дар вохӯрӣ бо намояндагони ширкати Huaxin Cement ба сармоягузорони Чин пешниҳод намуд, ки ба рушди дигар соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ низ маблағгузорӣ намоянд. Бо кумаки молиявии Huaxin Cement дар Тоҷикистон ду корхонаи бузурги сементбарорӣ сохта шуда, боз мавриди истифода қарор гирифтани яктои дигараш ба наздикӣ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон 13 корхона ба истеҳсоли семент машғул буда, иқтидори солонаи онҳо наздики 5 млн. тонна арзёбӣ мешавад.

Аммо аз ин дастовардҳои саноатчиён экологҳо нигаронӣ изҳор мекунанд ва бар ин назаранд, ки афзоиши беҳад зиёди шумори корхонаҳои сементбарорӣ ба вазъи муҳити зист ва экология таъсири ҷиддии манфӣ мерасонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.