“Алвидоъ”, “Флэшмоб”, “Чистон”

Афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон интиқоду эътирози корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ин қарори мақомоти тоҷикро аз ҳар ҷиҳат баррасӣ намуда, гуруҳе интиқод карданд, гуруҳе ба риштаи танз кашиданд. Аммо кам нафарон аз ин иқдоми мақомоти тоҷик пуштибонӣ намуданд. 13-14-уми апрел ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли паёмак ба муштариён хабар доданд, […]

Asia - Plus

Афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон интиқоду эътирози корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ин қарори мақомоти тоҷикро аз ҳар ҷиҳат баррасӣ намуда, гуруҳе интиқод карданд, гуруҳе ба риштаи танз кашиданд. Аммо кам нафарон аз ин иқдоми мақомоти тоҷик пуштибонӣ намуданд.

13-14-уми апрел ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли паёмак ба муштариён хабар доданд, ки аз ин ба баъд тибқи қарори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи Интернет гарон мешавад. Акнун муштариён барои истифодаи як мегабайт Интернет на камтар аз 5 дирам бояд пардохт намоянд, ки ин ду баробар гаронтар аз нархи пешина аст.

Дар зер мо андешаҳои гуногун ва ҷолиби корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбукро гирдоварӣ намудем.

Далери Эмомалӣ, яке аз корбарони фаъоли шабакаи Фейсбук бо эълони “флэшмоб” рақамҳои телефони Хадамоти зиддинҳисориро гузошта, аз корбарони дигари Фейсбук хоҳиш намуд, ки ба ин ниҳод занг зада, норозигии худро аз баланд бардоштани нархи Интернет иброз доранд. Чанде аз корбарони дигари шабакаи Фейсбук ин пешниҳоди Далерро писандида, ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ занг ҳам задаанд ва эътироз намудаанд. Аз ҷумла, Абдулазизи Восеъ навишт, ки чанде пеш ба ин ниҳод зада, норозигиашро баён намудааст.

Абдулмутталиб Назиров нархи Интернетро бо маош муқоиса карда навиштааст, ки барои як моҳи кор 500 сомонӣ маош пешниҳод мекунанд, барои 20 Гб 1400 сомонӣ бояд пардохт намуд. Ва пурсидааст, ки “маоши кӣ чанд Гб аст?”

Аслам Дилафрӯз ҳам ҳаҷми маошро бо нархи Интернет муқоиса карда, навиштааст, ки “пас аз ду баробар боло бардоштани нархи Интернет, маошро низ ду маротиба боло баранд”.

“Дар Амрико ба дунё омад, дар тамоми ҷаҳон калон шуд ва дар Тоҷикистон ба шаҳодат расониданд. Чист он?”. Ин муаммоест, ки Умед Абибов дар саҳифаи интернетии худ коштааст.

Яке аз корбарони дигари Фейсбук санги болои манзили охиратро омода карда, болои он бо забони англисӣ навиштааст: “1 гигабайт Интернет дар Тоҷикистон 6 доллару 3 сентро ташкил медиҳад ва агар касе 12 гигабайт дар як моҳ бигирад, пули якмоҳаи нафақа мешавад”.

Нурмуҳаммади Шамс ин иқдоми Хадамоти зиддинҳисориро ба риштаи танз кашида навиштааст: “Эй мардум, соли 91-ро ба ёд оред. Интернет надоштед, почталёнро бо хараш ё дучархааш интизор мешудед, ҳамсояеро, ки дар хонааш телефон дошт, як моҳ зорӣ мекардед, то иҷоза медод, аз телефонаш ба ҷойи лозима занг занед. Багонапарастӣ чӣ лозим? Интернет моли хориҷист…”

Ва дар идома менависад, ки “акнун телефонҳои ҳушманд арзон мешаванд, чун бе интернет он аз телефонҳои чормағзшиканак ҳеҷ фарқе надорад”.

Гуруҳи дигари корбарони Фейсбук паёмадҳои гароншавии Интернет дар Тоҷикистонро ҷиддӣ ва воқеъбинона таҳлил намуда, зарари онро ба рушди иқтисодиву илмии кишвар баррасӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки баҳси гароншавии нархи Интернет дар Тоҷикистон моҳи гузашта ба миён омад. Он замон мақомоти тоҷик сабаби аслии болоравии нархи Интернетро дар Тоҷикистон “ғанӣ гардонидани буҷаи кишвар” ва “ҷилавгирӣ аз содиршавии ҷинояткорӣ” маънидод намуда буданд.

Бо расонаӣ шудани қарори мазкур, чанде аз созмонҳои  ғайриҳукуматӣ ва ширкатҳои мобилии интернетрасон якҷо бо мақомоти дахлдори ҳукуматӣ ба музокирот пардохтанд ва натиҷаи ниҳоии гуфтушунидҳо ин шуд, ки қарори содиршуда ҳеҷ тағйир накард.

Ҳамакнун, бо боло рафтани нархи Интернет коршиносони соҳаи алоқаи барқӣ мегӯянд, ки ин иқдом воқеан норозигии мардумро ба бор оварда, ба рушди иқтисодии кишвар низ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.