Нон қимат намешавад. Ҳукумат имтиёзҳоро ба корхонаҳои истеҳсоли орд барқарор намуд

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз ду моҳи андеашаронӣ имтиёзҳоро аз андоз барои корхонаҳои истеҳсоли орд, ки нархи нон дар ҷумҳурӣ ба онҳо вобаста аст, барқарор намуд. Бо назардошти пешниҳоди истеҳсолкунандагони орд, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел лоиҳаи тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба буҷети давлатии соли 2019 дастгирӣ кард. Дар ин тағйироту иловаҳо […]

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз ду моҳи андеашаронӣ имтиёзҳоро аз андоз барои корхонаҳои истеҳсоли орд, ки нархи нон дар ҷумҳурӣ ба онҳо вобаста аст, барқарор намуд.

Бо назардошти пешниҳоди истеҳсолкунандагони орд, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 15 апрел лоиҳаи тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба буҷети давлатии соли 2019 дастгирӣ кард.

Дар ин тағйироту иловаҳо муқаррар намудани ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) бо меъёри 10% барои ворид кардани гандум ба корхонаҳои коркард ва ситонидани ҳамин миқдор андоз зимни фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда дар корхонаҳои ордбарорӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки то 1 январи ҳамин сол меъёри имтиёзноки 10%-аи ААИ ба ворид кардани гандум (ба истинои гандуми воридшуда барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ), таъмини корхонаҳои коркард бо он, ҳамчунин фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои ордбарорӣ амал мекард.

Аммо дар буҷети соли 2019 дар руйхати имтиёзнок танҳо воридоти гандумро боқӣ гузоштанд. Меъёри ААИ ба минбаъд таъмин кардани корхонаҳои коркард бо гандум ва фурӯши маҳсулоти ниҳоӣ дар сатҳи 18% муқаррар шуда буд.

Қобили зикр аст, ки орду гандум ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон оварда мешаванд, ки аз ҳаҷми умумии воридот ба ҳиссаи ин кишвар беш аз 90% рост меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.