Муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввал қариб 964 млн. долларро ташкил дод

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон наздики 964 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,1% зиёдтар мебошад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ марти соли 2019 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 244 млн. доллар молу маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат […]

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон наздики 964 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,1% зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ марти соли 2019 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 244 млн. доллар молу маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2018 – 0,3 фоиз ё худ 700 ҳазор доллар зиёдтар аст.

Дар сохтори молҳои содироти зиёда аз 40% – ба маҳсулоти минералӣ, 19% – ба металлҳои арзон ва маснӯот аз он (асосан алюминий) ва 18% – ба молу маҳсулоти саноати дӯзандагиву бофандагӣ (текстил) рост меояд.

Тӯли се моҳи соли 2019 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 720 млн. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2018 – 41% ё худ 28 млн. доллар бештар мебошад.

Дар сохтори воридот бештар воситаҳои нақлиёт, мошину таҷҳизот (20%), маҳсулоти минералӣ (20%) ва маҳсулоти растанӣ (12%) афзалият доранд.

Ҳамин тариқ, касри (камбуди) тавозуни савдои Тоҷикистон дар се моҳи соли 2019  ба 476 млн. доллар баробар шуд.

Семоҳаи аввали соли 2019 Тоҷикистон бо 90 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом дод. Шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия боқӣ монда, ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Русия тӯли се моҳ 230 млн. доллар (қариб чоряк аз ҳаҷми умумӣ)-ро ташкил дод.

Тӯли се моҳи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳамчунин бо Қазоқистон – ба маблағи 203 млн., Чин –118 млн., Туркия –90 млн. доллар муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.