Барзиёд савор кардани мусофир – бештарин қонуншиканӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт

Давоми як ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон 1 ҳазору 292 нафар ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ (маршруткаҳо) ҷаримабандӣ шудаанд. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ҷаримаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин ҳолатҳо аз 55 то 110 сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, давоми рейду […]

Давоми як ҳафта дар пойтахти Тоҷикистон барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон 1 ҳазору 292 нафар ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ (маршруткаҳо) ҷаримабандӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми ҷаримаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин ҳолатҳо аз 55 то 110 сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, давоми рейду амалиёти якҳафтаина барои худсарона баромадан аз хати сайр низ боз 47 нафар ронандагон ҷарима баста шудаанд.

Гуфта мешавад, тӯли ҳафтаи сипаришуда ҳамчунин аз ҷониби кормнадони БДА 8 нафар ронандагоне боздошт шудаанд, ки дар ҳолати мастӣ аз машрубот сари чанбараки воситаи нақлиёт қарор доштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар 846 ҳолат риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон низ ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.