Ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба зарфиятҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Бухарест 15 апрел  дар Конфронси сатҳи баланд  таҳти унвони “Ҳамбастагӣ барои рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид. Гуфта мешавад, дар ҷаласаи […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Бухарест 15 апрел  дар Конфронси сатҳи баланд  таҳти унвони “Ҳамбастагӣ барои рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур масъалаҳои марбут ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ифтитоҳии чорабинии мазкур Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори минтақа ҷалб намуд.

Дар доираи кори конфронс ҳамчунин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Руминия Теодор Мелешкану доир гардида, Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ  ва  дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.