Ҳукми 13 соли зиндон ба сокини Хоруғ барои нашъаҷаллобӣ

Барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини шаҳри Хоруғ Алишер Хушдилов ба 13 соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем ӯ аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ахтар ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ 13 килову 200 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш мехарад. Зимни интиқоли […]

Барои даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини шаҳри Хоруғ Алишер Хушдилов ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар бозори наздисарҳадии маҳаллаи Тем ӯ аз шаҳрванди Афғонистон бо номи Ахтар ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ 13 килову 200 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш мехарад.

Зимни интиқоли маводи нашъаовар дар автомашинаи шахсиаш Алишер Хушдилов аз чониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Рӯшон дастгир ва аз дохили автомашинааш маводи нашъадор дарёфт мешавад.

Бо қарори суди ноҳияи Рӯшон Алишер Хушдилов барои даст доштан дар муомилоти ғариқонунии маводи нашъаовар ба 13 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави кишвар 61 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.