Зангҳо тариқи мессенҷерҳои ширкатҳои мобилӣ низ гарон шуд

Зангҳо тариқи мессенҷерҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон – “Чӣ гап”, “MobiГап” “Megafon life” ва “Салом” ба рақамҳои мобилӣ 2 маротиба қимат шуданд. Дар ин бора огоҳии ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ нашр шудааст. Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон (№31 аз 4 марти соли 2019), шурӯъ аз имрӯз, 16 апрел барои як дақиқаи гуфтугӯ тавассути ин мессенҷерҳо 25 дирам […]

Зангҳо тариқи мессенҷерҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон – “Чӣ гап”, “MobiГап” “Megafon life” ва “Салом” ба рақамҳои мобилӣ 2 маротиба қимат шуданд. Дар ин бора огоҳии ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ нашр шудааст.

Мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон (№31 аз 4 марти соли 2019), шурӯъ аз имрӯз, 16 апрел барои як дақиқаи гуфтугӯ тавассути ин мессенҷерҳо 25 дирам маблағ пардохт кардан лозим меояд.

“Як дақиқаи гуфтугӯ бо ин замимаҳо қаблан дар ширкатҳои гуногун аз 10 то 12 дирам нарх дошт. Акнун дар ҳамаи ширкатҳо нархи як дақиқаи он 25 дирамро ташкил медиҳад. Яъне арзиши гуфтугӯ беш аз ду маротиба боло меравад”, – хабар дод манбаъ дар яке аз ширкатҳои мобилӣ.

Қобили зикр аст, ки дар ин ҳолат арзиши як дақиқаи гуфтугӯ аз мессенҷер ба рақами мобилӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Охири моҳи январи соли 2018 ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” изҳор намуда буданд, ки дар Кумитаи андоз ба онҳо боло бурдани арзиши як дақиқа гуфтугӯро бо ин замимаҳо аз 10-15 дирами ҳозира то ба 65-70 дирам пешниҳод карда будаанд.

Пас аз қатъи кори NGN-телефония дар соли 2017, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мессенҷерҳои худро роҳандозӣ намуданд: «Чӣ гап?» (Tcell), «MobiГап» (Вавилон-М), «Megafon life» (Мегафон Тоҷикистон) ва «Салом» (Билайн). Тариқи онҳо занг ҳам дар дохили худи мессенҷер ва ҳам ба рақами мобилӣ низ имконпазир буд.

Аз хизматрасонии ин мессенҷерҳо асосан муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия бештар истифода мебурданд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, аз 18 апрел интернети мобилӣ беш аз ду маротиба қимат шуда, ҳамаи ширкатҳои мобилии кишвар тарифҳои ягона ҷорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.