Хадамоти алоқа: Қиматшавии интернет биноии чашмонро хуб мекунад

Asia-Plus

“Пас аз қиматшавии интернет, мардум минбаъд аз он босаводона ва мулоҳизакорона истифода хоҳанд бурд. Камтар ба бозӣ машғул шудаву ба чашмонашон камтар зарар мерасонанд ва ба сурати умум, солимиашонро эҳтиёт мекунанд”, – иброз дошт дар суҳбати кӯтоҳе бо “Азия-Плюс” муовини сардориХадамоти алоқа Илҳом Атоев.

“Ба ҷавонон диққат диҳед: сарҳо хаму ҳамеша бо интернет машғуланд. Онҳо чизеро намефаҳманд, ба ҷаҳони виртуалӣ (маҷозӣ) ворид шуда, бозпас барнамегарданд. Акнун одамон бо ҳамдигар гуфтугӯ ва муносибатро карданро омӯхта, бештар ба китобхонӣ машғул мешаванд”, – қайд кард номбурда.

Аз 18 апрел дар тамоми операторони мобилии Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон №31 аз 4 марти соли 2019 ҷадвали тарифҳои ягона ба хизматрасониҳои мобилӣ пайдо мешавад.

Ҳамаи нақшаҳои тарифҳо, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон то ин дам пешниҳод мекарданд, бекор карда мешаванд.

Муштариён ба тарифҳои нав гузаронида мешаванд: Tcell тарифҳои худро “Салом” (1, 2, 3), “Мегафон Тоҷикистон” – “Простой” (1, 2, 3),  Babilon-М – «Муносиб» (1, 2 3) ва «Билайн» – “Қулай” (1,2,3) номидааст.

Бо розигии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳамаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҷадвали тарифҳоро ба се навъ ҷудо мекунанд: бо пардохти моҳонаи 25, 30 ва 35 сомонӣ. Бо ин маблағ муштариён дар ҳамаи ширкатҳо дақиқаҳои баробар барои гуфтугӯро дастрас мекунанд.

Дар шарҳ ба тарифҳои нав дар сомонаи ширкатҳо қайд мешавад, ки дар сурати ба сифр баробар будани тавозун (баланс), дар муддати 180 рӯз танҳо зангҳои вурудии овозӣ ва SMS- паёмакҳо дастрас мешаванд.

Ҳамчунин ширкатҳо хабар медиҳанд, ки дар ҳолати номуваффақона гузаронидани пардохти моҳона (нагузаштани он), “ҳамаи амалҳои пардохшаванда кор нахоҳанд кард”. Яъне бе пардохти моҳона, зангҳои хориҷшаванда (баромад), SMS/MMS-ҳои хориҷшаванда дастнорас мегарданд.

Бастаҳои интернете, ки қаблан операторон пешниҳод мекарданд, низ аз байн мераванд: барои ҳар 1 Мб муштарӣ 0,062 сомонӣ маблағ пардохт мекунад.

Ба гуфтаи як манбаъ дар ширкатҳои мобилӣ, қаблан зимни харидории бастаҳо, интернет барои муштариён арзонтар меафтид.

“Масалан, 3000 Мб интернетро дар бастаҳо муштариён тақрибан бо 65 сомонӣ харида метавонистанд. Акнун 3000 Мб 186 сомонӣ нарх хоҳад дошт. Яъне метавон гуфт, ки интернет қариб се маротиба гарон шуд”, – гуфт манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...