Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург

Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров  бо даъвати Раиси Шӯрои  Ассамблеяи Байнипарламентии  давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳайат дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони  Аҳдномаи […]

Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров  бо даъвати Раиси Шӯрои  Ассамблеяи Байнипарламентии  давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ба шаҳри Санкт-Петербург раҳсипор шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ҳайат дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони  Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок мекунад.

Дар ҷаласаҳо масъалаҳои иштироки нозирони байнулмилалӣ аз АБП ИДМ дар пайгирии интихоботи ҷанде қабл доиргардида дар кишварҳо Иттиҳод, фаъолияти минбаъдаи Ассамблея дар бахши рушди демократия ва парламентаризм, омодагӣ ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабинӣ баррасӣ мешаванд.

Дар доираи кори чаласаҳо ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтоҳои худ аз чанде кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.