Қиматшавии билетҳои ҳавопаймоӣ, караму пиёз ва куртаву ҷӯроб дар семоҳаи аввал

Семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ – 2,3%, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ – 0,1% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 1,6% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар бахши истеъмолии кишвар ба андозаи 0,8% поинравии нархҳо ба қайд гирифта шуда буд. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, […]

Семоҳаи аввали соли равон дар Тоҷикистон нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ – 2,3%, маҳсулоти ғайриозуқаворӣ – 0,1% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 1,6% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар ҳамин давраи соли гузашта дар бахши истеъмолии кишвар ба андозаи 0,8% поинравии нархҳо ба қайд гирифта шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли равон таваррумро дар сатҳи на бештар аз 7% нигоҳ дорад. Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта мизони таваррум дар Тоҷикистон 5,4%-ро ташкил дода буд.

Кадом маҳсулоту хизматрасониҳо дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ҳама бештар қимат шуданд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ

карам – 32%

бехпиёз – 23%

орди навъи 1-ум – 5%

гӯшти гӯсфанд – 4%

гӯшти гов – 1,6%

Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ

курта барои духтарбачаҳо – 18%

ҷӯроби пахтагини бачагона – 12%

туфлии чармини мардона – 6%

шифер – 4%

Хизматрасониҳои пулакӣ

равуо бо нақлиёти ҳавоӣ – 53%

равуо тариқи роҳи оҳан – 4%

хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо – 1,2%

хизматрасонӣ дар сартарошхонаҳо – 0,4%.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.