Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ мактаб ва амфитеатрро дар Душанбе боз карданд

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иқбол Сафаров – директори генералии ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” пурра аз нав бунёд гардида, он аз чор ошёна, таҳхона ва се бино иборат аст ва бо назардошти стандартҳои муосири меъморӣ бунёд ёфтааст.

Муассиса барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти нав дорои 51 синфхона ва 38 утоқи дигари ёрирасон мебошад. Ҳамзамон бино дорои ошхона бо 160 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 420 метри мураббаъ бо 4 ҳуҷраи иловагӣ ва маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст мебошад.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон  бо  Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии корхонаи “Комбинати орди Душанбе” оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, “Комбинати орди Душанбе” дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо назардошти мавҷудияти шохаҳои роҳи оҳан, дорои анбор барои захираи 32 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ барои нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабусу гандуми реза мебошад.

Бо васлу насби технологияи истеҳсолӣ иқтидори коркарди гандум дар “Комбинати орди Душанбе” дар як шабонарӯз ба зиёда аз 300 тонна ва дар як сол ба 110 ҳазор тонна  расонида хоҳад шуд. Баъди пурра ба кор андохтан ва муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир барои мутахассисони маҳаллӣ зиёда аз 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

Президенти мамлакат ҳамроҳ бо раиси пойтахт ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Амфитеатр дорои 1500 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла  дар ошёнаи якум нуқтаи чиптафурӯшӣ, утоқҳои маъмурияти боғ ва дигар утоқҳои корӣ, дар ошёнаи дуюм бошад, ҳуҷраи ороишдиҳӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ тарҳрезӣ гардидааст.

Масоҳати умумии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ 30 гектарро ташкил дода, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони пойтахт шароити арзанда муҳайё карда шудааст. Театри тобистона аз лиҳози бехатарӣ ҳам ба талабот ҷавобгу буда, дар гушаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...