КҲФ: Обуҳавои номусоид дар Тоҷикистон то охири моҳи апрел боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад. Боронҳои селосо меборанд, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хавфи омадани сел ва лағзиши тарма зиёд аст. Боришоти шадид дар кӯҳҳо ва […]

Маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҶТ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳавои номусоид дар қаламрави мамлакат то охири моҳи апрел боқӣ мемонад.

Боронҳои селосо меборанд, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии мамлакат хавфи омадани сел ва лағзиши тарма зиёд аст. Боришоти шадид дар кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сабагори нармии хоки теппаҳо мешавад ва эҳтимолияти ҳаракати онҳо вуҷуд дорад, сатҳи оби рӯдхонаҳо, ҷӯйҳо ва каналҳову обанборҳо боло меравад.

Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  мекунад дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва чораҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ намоянд. Ҳангоми рафтан ба манотиқи кӯҳӣ талош кунед бо худ телефони мобилӣ дошта бошед.

Ба кӯдакон бештар таваҷҷуҳ намоед, онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоред. Бахусус, нагузоред, ки бе раҳнамоии калонсолон ба кӯҳу пушта раванд.

Бо мақсади таъмини амнияту бехтарӣ КҲФ аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҷӯйбору каналҳоро ҳамеша аз хасу харӯбаҳо пок нигоҳ доранд, то садди роҳи оби гузар нашаванд.

Кумита аз шаҳрвандон ва сокинони мамлакат хоҳиш мекунад ҳамеша дар ҷараёни хабарҳои КҲФ, ВКД, Вазорати нақлиёт бошанд. Сомонаи КҲФ ҳамеша шуморо бо ахбори дақиқ дар бораи вазъи роҳҳо, обу ҳаво таъмин мекунад, аз тариқи ин сомона шумо ҳамеша тавсияҳои муҳимеро дар мавриди ҳолатҳои ҷудогона пайдо карда метавонед, ки муфиданд.

Бо мақсади омодагии аҳолӣ ба омадани сел Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таваҷҷӯҳи шуморо ба чанд қоидаи муҳим ҷалб мекунад.

Баробари пайдо кардани хабари хатари офат аввал онро ба ҳамсоягон ва хешу табору ҳамдеҳагонатон расонед. Ба беморон ва солмандон барои дуртар рафтан аз маҳалли селхез кумак расонед.

Пеш аз тахлияи манзил ин корҳоро анҷом диҳед:

– об, газ ва барқро хомӯш кунед;

– Оташ дар печҳоро низ хомӯш намоед;

– асбобу анҷом, ашёи қимматбаҳои худро ба болохона гузоред;

– дару тирезаҳоро бипӯшед.

Баробари дарёфт кардани паёми тахлияи манзил хеле ба зудӣ ҳаракат кунед ва ин чизҳои заруриро бо худ гиред:

– ҳуҷҷатҳо, ашёи арзишнок, доруворӣ;

– сару либос ва пойафзол;

– захираи маводи хӯрокӣ барои чанд рӯз ва баъдан ба нуқтаи кӯчонидани мардум ба маҳалҳои нисбатан амн ҳаракат кунед.

Дар ҳоли ногаҳон омадани сел то расидани ёрӣ бояд:

– Агар маконе дар деҳа ва ё қитъаи хусусӣ зери об мемонад, пас хеле зуд чорворо аз он ҷо бурун баред, то ҷойи бехатару амн ва дуртар аз маҳалли зериобмонда баред.

– Ба ҳамдеҳагону ҳамсоягон ёрӣ расонед, барои берун аз маҳалли офат кӯчонидани солмондону беморон ва кӯдакон бештар талош кунед.

– Чораҳое андешед, ки шуморо наҷотдиҳандагон зуд пайдо кунанд: агар рӯз равшан бошад, латтаи сафед ё ранга боло кунед ва агар шаб асту ҳаво торик сигнали рӯшноидиҳанда ирсол кунед: гулхан афрӯзед ва ғайра.

ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: Дар маҳалли зериобмонда набояд ғизоеро истеъмол кард, ки бо селоба омадааст ва ё ба он расидааст, обро ҳам наҷӯшонида набояд хӯрд. Аз дастгоҳҳои таршуда дар селоб танҳо баъди пурра тоза кардану хушконидани онҳо метавон истифода кард.

Дар ҳоли ба миён омадани ҳолатҳои фавқулода ба телефони шумораи 112 ва ё қисми навбатдории КҲФ бо шумораҳои 93 880 28 19; 223 13 11 занг занед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.