Духтарони масти Петербург писарчаи 10-солаи тоҷикро қариб мекуштанд

Писарбачаро дар кӯчаи Двинский ду духтари синни аз 15 то 17-солаи маст захмӣ кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград. Ташхис нишон додааст, ки писарбача аз сару гардан ҷароҳат бардошта, ҳамчунин майнааш ҳам зарб хӯрдааст. Падари ҷабрдида шаби шанбе ба мақомоти пулис муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҳамла […]

Писарбачаро дар кӯчаи Двинский ду духтари синни аз 15 то 17-солаи маст захмӣ кардаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград.

Ташхис нишон додааст, ки писарбача аз сару гардан ҷароҳат бардошта, ҳамчунин майнааш ҳам зарб хӯрдааст.

Падари ҷабрдида шаби шанбе ба мақомоти пулис муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҳамла қарибиҳои соати 20:30 дақиқаи рӯз ҷумъа сурат гирифтааст, хабар медиҳад манбаъ.

Зикр мегардад, ки духтарон назди майдони хонаи 4, бинои 2 дар кӯчаи Двинский машрубот истеъмол намуда, дар ҳамин ҷо бо писарбачаи 10-сола шинос мешаванд. Сипас яке аз ин духтарон ҳамроҳи ӯ ба сӯи гаражҳо рафта, баъдан аз он ҷо овози доду фарёд мебарояд.

Дар бораи сабаби ҳамлаи духтар ба писарбача маълумот дода намешавад. Мақомоти пулис аз рӯи далели захмӣ шудани ноболиғ санҷиш гузаронида, ҳамаи ҳолатҳои воқеаи рухдода мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.