Интихоби Дилшод Назаров ба ҳайси раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна

Дар шаҳри Доҳаи Қатар пеш аз Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук ҷаласаи Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ҷаласа Доҳлан Ҳамади қатарӣ дигарбора президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардида, то соли 2023 ин ниҳоди қоравиро роҳбарӣ хоҳад кард. Гуфта мешавад, дар ҷаласа, […]

Дар шаҳри Доҳаи Қатар пеш аз Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук ҷаласаи Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ҷаласа Доҳлан Ҳамади қатарӣ дигарбора президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардида, то соли 2023 ин ниҳоди қоравиро роҳбарӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа, ҳамчунин ноибони президент, аъзои Кумитаи иҷроия ва дигар ниҳодҳо интихоб гардиданд.

Бо истинод ба маълумоти ТВ “Варзиш” қайд мешавад, ки аз ҷумла, варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб шуд. Федератсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро, инчунин раиси Комиссияи варзишгарон интихоб намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки бо дастгирии роҳбарони федератсияҳои варзиши сабуки қитъаи Осиё ба Дилшод Назаров ҷоизаи “Беҳтарин гурзандози Осиё” тақдим гардид.

Ёдрас мекунем, ки Дилшод Назаров рӯзҳои 21-24 апрел дар мусобиқаи чемпионати навбатии Осиё дар Доҳа иштирок мекунад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҷуз Дилшод Назаров, дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук Тоҷикистонро боз панҷ нафари дигар намояндагӣ мекунад: Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 400 метр бо монеъаҳо); Одилшо Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пӯлодов (давидан ба масофаи 400 метр), Григорий Дерипаскин (давидан ба масофаи 400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 метр).

Дар Чемпионати навбатии Осиё оид ба варзиши сабук иштироки беш аз 1 ҳазор нафар намоядагони 45 кишвари қора дар назар аст, ки аз рӯи 21 навъи ин варзиш қувваозмоӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.