Офати табиӣ ҷони як душанбегӣ ва сокини шаҳри Турсунзодаро рабуд

Сокини деҳаи Баҳористони ҷамоати Сешанбеи шаҳри Турсунзода Азиз Қулови 16-сола бар асари борони сахти субҳи 21-уми апрел ва омадани сел ба ҳалокат расидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Турсунзода. Наврас дар адир ба чаронидани чорво машғул буда, талош кардааст, ки чорвои дар маҷрои сел ғарқшударо наҷот диҳад. Часади ӯ баъди чанд соат дарёфт […]

Сокини деҳаи Баҳористони ҷамоати Сешанбеи шаҳри Турсунзода Азиз Қулови 16-сола бар асари борони сахти субҳи 21-уми апрел ва омадани сел ба ҳалокат расидааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории Турсунзода.

Наврас дар адир ба чаронидани чорво машғул буда, талош кардааст, ки чорвои дар маҷрои сел ғарқшударо наҷот диҳад. Часади ӯ баъди чанд соат дарёфт шудааст.

Дар қаламрави шаҳри Душанбе дар натиҷаи шамоли сахт дарахт ба болои автомашинаи «Daewoo Tico» афтода, мусофири автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронанда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гурӯҳи задамали наҷотбахшони Кумита дар шаҳри Душанбе ҷасади мусофири ҳалокшуда ва ронандаи ҷароҳатбардоштаро аз дохили автомашина берун овардаанд.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ огоҳ карда буд, ки тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ, то охири моҳи апрел дар қаламрави мамлакат обуҳавои номусоид боқӣ мемонад.

Пайваставу пуршиддат боридани борон метавонад ба лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг сабаб шавад. Ҳавои номусоид метавонад ба чаронидани чорво дар даштҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил эҷод кунад.

Дар ҳамин иртибот Кумита аз сокинони мамлакат ва меҳмонон хоҳиш  кард, ки дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор буда, чораҳои бехатариро риоя намоянд, аз сафар ба кӯҳҳо, ҷамъоварии занбурӯғ ва дигар зироатҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, худдорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.