Ҳукумат шарикони рушдро барои кумак ба “Барқи тоҷик” даъват мекунад

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳбуди самаранокӣ ва вазъи молиявии бахши энергетикии кишвар Барномаи солимгардонии ШСХК “Барқи тоҷик”-ро таҳия намуд, хабар медиҳад намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе. Дар маълумот қайд мешавад, ки ҳукумат аз Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд дархост намудааст, ки ба ин барнома маблағгузорӣ кунанд. Бонки ҷаҳонӣ кумак карданро тариқи воситаи маблағгузорӣ ба “Барнома […]

Ҳукумати Тоҷикистон баҳри беҳбуди самаранокӣ ва вазъи молиявии бахши энергетикии кишвар Барномаи солимгардонии ШСХК “Барқи тоҷик”-ро таҳия намуд, хабар медиҳад намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ҳукумат аз Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд дархост намудааст, ки ба ин барнома маблағгузорӣ кунанд.

Бонки ҷаҳонӣ кумак карданро тариқи воситаи маблағгузорӣ ба “Барнома барои натиҷа” ба нақша гирифтааст.

Дар назар аст, ки кумак баъди аз ҷониби ин ниҳоди молиявии байнулмилаӣ анҷом додани ҷараёни арзёбии низомҳои экологӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон расонида шавад, ки ба Барномаи солимгардонии молиявии “Барқи тоҷик” марбутанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати “Барқи тоҷик” дар вазъи душвори молиявӣ қарор дошта, ҳамасола натиҷаҳоро бо зиёни зиёд ҷамъбаст менамояд.

Ба аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи ширкат (бо назардошти воситаҳои ҷалбшуда барои амалисозии лоиҳаҳои энергетикӣ) 23,1 млрд. сомонӣ (наздики 2,5 млрд. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Айни замон ҷараёни навсозии сохтори “Барқи тоҷик” дар арафаи анҷомёбӣ буда, дар назар аст, ки имсол он ба се ширкати мустақил – истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ ҷудо карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.