Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Шри-Ланка ҳамдардӣ изҳор намуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андӯҳи беандозаву нигаронии амиқи мо […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андӯҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид”.

“Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризму  ифтротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти зӯроварӣ таъкид менамоем”, – омадааст дар барқия.

Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон ба наздикону пайвандони қурбоншудагон ҳамдардиву тасаллияти амиқ изҳор намуда, ба  ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Ёдрас мекунем, ки бар асари як силсила амалҳои террористӣ рӯзи 21 апрел дар ибодатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои Шри-Ланка беш аз 290 нафар ҳалок шуда, теъдоди захмиён наздики 500 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳеҷ яке аз гурӯҳҳои ифротгаро то ин дам масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст. Ба гумони даст доштан дар ин амалҳо 13 нафар дастгир шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.