Агентии авиатсияи гражданӣ: Ба хатсайри Душанбе-Хоруғ алҳол ҳавопаймо нест

Иҷрои парвоз бо хатсайри Душанбе-Хоруғ ва бозпас аз он ҷо айни замон ғайриимкон аст, зеро ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ фаъолият надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода. Бино ба гуфтаи ӯ, дигар ширкати ҳавопаймоии ватанӣ – “Сомон Эйр” ҳавопамйоҳои муносиб барои парвоз ба Хоруғро […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иҷрои парвоз бо хатсайри Душанбе-Хоруғ ва бозпас аз он ҷо айни замон ғайриимкон аст, зеро ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бинобар сабаби мушкилоти молиявӣ фаъолият надорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Азиз Набизода.

Бино ба гуфтаи ӯ, дигар ширкати ҳавопаймоии ватанӣ – “Сомон Эйр” ҳавопамйоҳои муносиб барои парвоз ба Хоруғро надорад.

Ӯ таъкид намуд, ки дар маҳалли кӯҳистони Бадахшон танҳо авиатсияи хурд парвозҳоро анҷом дода метавонад, ширкати “Сомон Эйр” бошад, айни замон танҳо шаш ҳавопаймои “Боинг” дорад.

Набизода қайд кард, ки ҳавопаймои навъи АН-28-и ширкати “Тоҷик Эйр” барои иҷрои чунин парвозҳо иҷозаи дахлдор дошта, лекин бо сабаби мушкилоти молиявӣ аз оғози сол ширкат фаъолияташро боздоштааст.

Зимнан таъкид шуд, ки андешидани тадбирҳо оид ба беҳбуди вазъи молиявии ширкати ҳавопаймоии давлатӣ ҳам аз ҷониби худи ширкат ва ҳам мақомоти авиатсионии ҷумҳурӣ идома доранд.

“Бо дарёфти воситаҳо, фаъолияти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” тадриҷан барқарор карда мешавад”, – илова намуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” фаъолияташро аз оғози сол боздошта, парвоз тариқи ҳамаи хатсайрҳоро қатъ ва кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод.

Охири моҳи январи соли равон Дилшод Исматуллозода директори генералии ширкати ҳавопаймоӣ таъин шуд.

Дар ин вазифа ӯ Хайрулло Раҳимовро иваз намуд, ки нисбати собиқ роҳбари ширкат аввали моҳи апрел ба гумони даст доштан дар суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, азхудкунии воситаҳои пулии ширкат ва изофанависӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани соҳибкори Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.