Роҳи Душанбе-Хуҷанд тоза ва барои ҳаракати нақлиёт боз шуд

Пас аз бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба ҳаракати нақлиёт аз ду самт бо ин масир иҷоза дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкат, бар асари боришоти зиёд эҳтимоли селфароиву сангреза то ҳол боқӣ мемонад. “Айни замон роҳ пурра […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Пас аз бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба ҳаракати нақлиёт аз ду самт бо ин масир иҷоза дода шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкат, бар асари боришоти зиёд эҳтимоли селфароиву сангреза то ҳол боқӣ мемонад.

“Айни замон роҳ пурра аз сангрезаву кӯпораҳои фаромада тоза карда шуда, техникаи роҳнигоҳдорӣ ба кори худ идома медиҳад. Лекин бар асари боришоти зиёд, аз ҷумла боридани барф дар баъзе қитъаҳо, хавфи селфароиву тарма аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, аз ронандагон хоҳиш дорем, ки ҳушёру эҳтиёткор бошанд”, – иброз дошт котиби матбутии ширкат Далер Мерганов.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар масофаи ҳар ду километр кормандони ширкат ҳузур дошта, ба тозакунии роҳ ва кумак ба ронадагону мусофирон дар сурати зарурат омодаанд.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари боришоти шиддатноки борону барф, ки ба селфароиву лағжиши кӯҳпора ва сангреза боис гардид, аз дирӯз баста шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодисаҳои селфароиву лағжиши кӯҳпора ва сангреза дар дигар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе-Дарвоз, Душанбе-Рашт-Лахш ва роҳҳои вилояти Суғд низ ба қайд гирифта шудааст.

Бинобар ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои минтақаи кӯҳистони кишвар худдорӣ намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.