Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар финали Чемпионати бокси Осиё

Дар шаҳри Бангкоки Таиланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон ҷараён дорад. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило миёни мардҳо ба даври финали ин мусобиқа роҳ ёфт. Гуфта мешавад, Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буда, сипас дар даври дуюм бар […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Бангкоки Таиланд Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон ҷараён дорад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило миёни мардҳо ба даври финали ин мусобиқа роҳ ёфт.

Гуфта мешавад, Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буда, сипас дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ва дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғалаба кард.

Дар қувваозмоии даври нимфиналӣ муштзани тоҷикбар варзишгари соҳибтаҷрибаи Қазоқистон Саматалӣ Толтаев дастболо шуда, акнун медали нуқраи мусобиқаро барои худ таъмин кард. Дар даври финалӣ, ки имрӯз 26 апрел доир мегардад, Баҳодур Усмонов бо муштзани Муғулистон Чинзогир Баатарсух қувваозмоӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар Таиланд Тоҷикистонро Шермуҳаммад Рустамов,  Сомон Ҳабибов, Баҳодур Усмонов, Мирзомуҳаммади Бахтиёр, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, ҳамчунин байни занон Сумайя Қосимова, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Идимоҳ Холова ва Нилуфар Бобоёрова намояндагӣ карда, ба дарёфти зинаҳои аввал ва ҷоизаҳои мусобиқа ноил гардида натавонистанд.

Ёдрас мекунем, ки дар Чемпионати пешини Осиё оид ба бокс соли 2017 дар Тошканд муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.