Дар шаҳри Душанбе боз як пул таъмиру навсозӣ мешавад

Date:

Ширкати COOldesign studio дар саҳифааш дар Фейсбук тарҳи нави пули автомобилгард ва роҳи оҳанро дар маҳаллаи 103-уми Душанбе нашр кардааст.

“Лоиҳаи таъмиру навсозии пул дар маҳаллаи 103-уми шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, ҳамчунин бар асоси қарори раиси пойтахт таҳия шудааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Дар бораи кай оғоз гардидану ба итмом расидани корҳои таъмиру навсозӣ дар пули зикршуда маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир қариб ҳамаи пулҳои шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ шуданд.

Моҳи сентябри соли 2017 пули таъмиру навсозишуда дар буриши кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Моёншо Назаршоев, дар роҳ ба самти фурудгоҳ ба истифода дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи декабри соли 2017 бо иштироки раиси пойтахт пули роҳи оҳан дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи марти соли 2018 бо иштироки президенти Тоҷикистон маросими ба истифода додани пули роҳи оҳан пас аз таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар наздикии маҷмааи “Наврӯзгоҳ” баргузор шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи ноябри соли 2018 пули роҳи оҳан ва автомобилгард пас аз таъмиру навсозӣ дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов, наздикии автовокзали пойтахт мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...