Дар шаҳри Душанбе боз як пул таъмиру навсозӣ мешавад

Ширкати COOldesign studio дар саҳифааш дар Фейсбук тарҳи нави пули автомобилгард ва роҳи оҳанро дар маҳаллаи 103-уми Душанбе нашр кардааст. “Лоиҳаи таъмиру навсозии пул дар маҳаллаи 103-уми шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, ҳамчунин бар асоси қарори раиси пойтахт таҳия шудааст”, – қайд мешавад дар маълумот. Дар бораи кай оғоз гардидану […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ширкати COOldesign studio дар саҳифааш дар Фейсбук тарҳи нави пули автомобилгард ва роҳи оҳанро дар маҳаллаи 103-уми Душанбе нашр кардааст.

“Лоиҳаи таъмиру навсозии пул дар маҳаллаи 103-уми шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе, ҳамчунин бар асоси қарори раиси пойтахт таҳия шудааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Дар бораи кай оғоз гардидану ба итмом расидани корҳои таъмиру навсозӣ дар пули зикршуда маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи се соли охир қариб ҳамаи пулҳои шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ шуданд.

Моҳи сентябри соли 2017 пули таъмиру навсозишуда дар буриши кӯчаҳои Аҳмади Дониш ва Моёншо Назаршоев, дар роҳ ба самти фурудгоҳ ба истифода дода шуд.

Моҳи декабри соли 2017 бо иштироки раиси пойтахт пули роҳи оҳан дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ пас аз таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Моҳи марти соли 2018 бо иштироки президенти Тоҷикистон маросими ба истифода додани пули роҳи оҳан пас аз таъмиру навсозӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар наздикии маҷмааи “Наврӯзгоҳ” баргузор шуд.

Моҳи ноябри соли 2018 пули роҳи оҳан ва автомобилгард пас аз таъмиру навсозӣ дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломов, наздикии автовокзали пойтахт мавриди баҳрбардорӣ қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.