Маблағи закоти моҳи Рамазон 500 сомонӣ муқаррар шуд

Asia-Plus

Имсол маблағи закот дар моҳи шарифи Рамазон 500 сомонӣ муқаррар шуда, онро шахсоне медиҳанд, ки воситаҳои пулии на камтар аз 20 ҳазор сомонӣ доранд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Маркази исломии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 500 сомонӣ закот дода мешавад.

“Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад, – омадааст дар хабар. – Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ, садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад”.

Зимнан зикр мегардад, ки фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2019 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 6-уми май оғози моҳи мубораки Рамазон эълон шуд. Аввалин намози таровеҳ шоми санаи 5 май баргузор мешавад. Шаби Лайлат-ул Қадри моҳи Рамазони имсола ба шаби 31 май – 1 июн рост меояд. Иди Рамазон санаи 5 уми июн ҷашн гирифта мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Ид алфитр ё Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...