Иҷозаи кор дар Тоҷикистон ба низоми пардохти BLIZKO

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба низоми пардохти BLIZKO иҷозатнома дод. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот (Федератсияи Русия), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дод. Гуфта мешавад, идораи […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ба низоми пардохти BLIZKO иҷозатнома дод.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори навбатии худ ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот (Федератсияи Русия), барои фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дод.

Гуфта мешавад, идораи низоми пардохт муваззаф шудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ нисбати ташкилоти номбурда сабти дахлдор ворид намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон, НП «BLIZKO» бо мақсади қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба амалигардонии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб бо 3 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, фаъолияти худро дар самти интиқоли маблағҳо идома дода истодааст.

Ҳамин тариқ, айни замон феҳристи оператори низоми пардохт дар Тоҷикистон аз 12 оператор иборат аст.

То BLIZKO низомҳои пардохти «Корти миллӣ», «Вестерн Юнион», Visa, Mastercard, «Золотая Корона», CONTACT, ЮНИСТРИМ, «Осон», «Атласпэй», Express Pay ва «НАРОДНАЯ» иҷозатномаи Бонки миллиро гирифта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.