Имзои қонуни ҷудосозии интернети Русия аз шабакаи ҷаҳонӣ

Президент Владимир Путин қонуни ҷудо сохтани интернети Русияро аз шабакаи ҷаҳонӣ имзо кард. Матни қонун дар сомонаи иттилои ҳуқуқии Русия нашр шуда, он аз 1 ноябри соли равон ба иҷро медарояд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қонуни мазкур фароҳам кардани имкони техникии ҷудосозии бахши русии Рунетро аз интернети ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад. Иҷрои онро […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президент Владимир Путин қонуни ҷудо сохтани интернети Русияро аз шабакаи ҷаҳонӣ имзо кард. Матни қонун дар сомонаи иттилои ҳуқуқии Русия нашр шуда, он аз 1 ноябри соли равон ба иҷро медарояд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, қонуни мазкур фароҳам кардани имкони техникии ҷудосозии бахши русии Рунетро аз интернети ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад. Иҷрои онро Роскомнадзор назорат ва тартиби насбу интиқоли таҷҳизотҳои лозимиро ҳукумати Русия тасдиқ хоҳад кард.

Муаллифони лоиҳаи қонун раиси кумитаи Шӯрои федеролӣ дар умури қонунҳои конститутсионӣ Андрей Клишас, муовини аввали ӯ Людмила Бокова ва вакили порлумони Русия Андрей Луговой – мегӯянд, қонун бо назардошти "хусусияти таҷовузкоронаи Стратегияи амнияти миллии киберии ИМА аз моҳи сентябри соли 2018" омода шудааст.

Мунаққидони қонун нигаронанд, ки шабакаи алоҳида имкониятро барои сензураи сартосарӣ дар интернет фароҳам мекунад.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Путин даъват карданд, ки қонунро имзо накунад. "Гузоришгарони бидуни марз" ва Human Rights Watch дар як изҳороти муштарак гуфтанд, ки қонуни мазкур хилофи Конвенсияи ҳуқуқи инсони Аврупо ва аҳдномаи СММ дар бораи ҳуқуқи сиёсиву шаҳрвандӣ аст.

Муаллифони лоиҳа аз аввал гуфтанд, ки барои иҷрои он аз буҷа маблағи иловагӣ сарф нахоҳад шуд, вале дертар Андрей Клишас гуфт, ки он 20 миллиард рубл харҷ хоҳад дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.