Эҳтимоли дубора боз шудани беш аз 590 масҷиди басташуда дар Тоҷикистон

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон бо дархости дубора барқарор намудани фаъолияти 594 масҷиди қаблан басташуда ба Дастгоҳи иҷроияи президент рӯйхати ин масҷидҳоро фиристодааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ дар Кумитаи мазкур.

Бино ба гуфтаи манбаъ, қаблан аз Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат аз онҳо дархост шудааст, ки чунин рӯйхатро пешниҳод намоянд.

“Мо аз дастгоҳи президент дар мавриди таҳияи рӯйхати масҷидҳое, ки дубора барқарор кардани фаъолияташон имкон дорад, мактуб гирифтем. Ин тасмим аз ҷониби президент дар робита ба муроҷиатҳои сершумори шаҳрвандон дар ин хусус гирифта шудааст. Ин ҷо сари масҷидҳои басташуда дар ҷамоатҳо сухан меравад”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки комиссияи махсус ин масъаларо дар минтақаҳо мавриди омӯзиш қарор дода, бар асоси қарори онҳо рӯйхат тартиб дода шудааст.

“Дар рӯйхат асосан масҷидҳое зикр шудаанд, ки дар ҷамоату деҳаҳои дурдаст қарор дошта, дигар ҷойи намозгузорӣ надоштанд. Дар ин маҳалҳо одамонро лозим меомад, ки барои намозхонӣ ба деҳаҳои ҳамсоя раванд. Ин хеле душворӣ пеш меовард, бахусус барои пиронсолон”, – қайд кард манбаъ.

Манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки рӯйхати зикршуда бо дастгоҳи президент, ҳамчунин раҳбарияти шаҳру ноҳияҳо мувофиқа мешавад. Масҷидҳоро дар оғози моҳи шарифи Рамазон дубора боз карданӣ будаанд, лекин санаи дақиқи он алҳол маълум нест.

Соли 2017 фаъолияти беш аз 1 ҳазору 700 масҷид дар Тоҷикистон қатъ шуд. Соли 2018 танҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 123 масҷиду мадраса ба муассисаҳои таъиноти иҷтиомиву фарҳангӣ – бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, толорҳои варзишӣ ва китобхонаҳо табдил дода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.