Ифтитоҳи боз чор толори “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон

Иттилоияи расмӣ

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи фурӯши хусусиро дар вилояти Хатлон идома медиҳад. Баҳри қулайгардонии имкониятҳои муштариён боз чор толори фирмавӣ кушода шуданд. Ин ба оператор имкон медиҳад, ки ҳаррӯза якчанд ҳазор бештар муштариёнро хизматрасонӣ намояд.

Толорҳои нави фирмавӣ муштариёни ширкатро дар шаҳри Бохтар, к. Ҷ.Румӣ 2 ва бозори Фаровон, инчунин дар ноҳияи Ёвон, к. А.Ҷомӣ ва дар қишлоқи А.Навоӣ, ҷамоати Ҳаёти нав интизор хоҳанд буд. Дар нуқтаҳои нави фурӯш метавон хизматрасонии сатҳи шаҳриро дастрас намуд: мушовирон метавонанд дилхоҳ телеком-масъалаҳоро, аз пайвастшавӣ ба шабака ва ивази SIM-корт то танзимкунии гаҷетҳои баландтехнологии мобилӣ ҳал намоянд.

“Мизоҷони мо ҳарчӣ бештар аз воситаҳои худхизматрасонӣ кор мегиранд, вале чун пешина барои бисёриҳо ҳалкунии масъалаҳои “мобилӣ” дар толорҳои фирмавӣ қулайтар аст. Сабаби асосии он сатҳи омодагии мушовирони мо дар соҳаи фурӯш ба ҳисоб меравад: онҳо на танҳо мутахассисони салоҳиятдор, балки одамоне мебошанд, ки муошират бо онҳо хеле гуворост. Ба ғайр аз ин, толорҳои мо ҳамеша дар маконҳои дастрас – назди бозорҳои марказӣ, марказҳои бузурги савдо, биноҳои аҳамиятноки маъмурӣ қарор гирифтаанд. Ҳар як нуқтаи нав ба маконе табдил меёбад, ки аз он ҳазорҳо муштариёни мо баҳри дастраскунии хизматрасонии босифат ва бардоштани эҳосоти гуворо боздид менамоянд”, – изҳор медорад директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...