Ин ҳафта Тоҷикистонро обуҳавои гарми тобистона фаро мегирад

Asia-Plus

Ин ҳафта Тоҷикистонро обуҳавои гарми тобистона фаро гирифта, ҳаво то ба 35 дараҷа гармӣ мерасад. Дар баъзе ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво аз ин нишондиҳанда ҳам гармтар мешавад.

Чунин обуҳавои гарм, ки маъмулан ба фасли тобистон хос аст, то 15 май боқӣ мемонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Бино ба пешгӯии маркази мазкур, обуҳаво дар водиҳои ҷумҳурӣ дар ин давра асосан бебориш хоҳад буд.

“Дар минтақаи ҷануби кишвар ҳарорат 34-35, дар Душанбе – наздики 32-33 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд гармшавии ҳаво то 30-35, доманакӯҳҳо – 25-29 ва дар кӯҳҳо 20-25 дараҷа дар назар аст. Дар ВМКБ низ обуҳавои гарми то 20-25 дараҷа пешгӯӣ мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева.

То охири ҳафта дар Душанбе обуҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона 28-32 ва шабона 9-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ то охири ҳафта обуҳавои камабри бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат рӯзона то 31-35 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ обуҳавои камбари бебориш дар назар буда, то охири ҳафта ҳарорат рӯзона 26-33 ва шабона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

То охири ҳафта дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон обуҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва рӯзона 17-24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  обуҳаво   шабона  4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона  то ба 6-12 дараҷа гармӣ мерасад.

Ба ҳамсояҳо чӣ гуна обуҳавои пешгӯӣ мешавад?

Ин ҳафта баъзе минтақаҳои Ӯзбекистонро низ обуҳавои хеле гарм фаро мегирад. Тибқи пешгӯии “Узгидромет”, ҳарорат аз меъёри муқарраршуда 5 дараҷа боло меравад, хабар медиҳад CA-NEWS (UZ).

Дар қисмати асосии ҳамсоякишвар ин ҳафта ҳарорат рӯзона 30-35 ва шабона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳрҳои Қаршӣ ва Тирмиз, ки дар қимати ҷанубтарини Ӯзбекистон воқеанд, ҳарорат то 39 дараҷа гармӣ боло меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...