Таъсиси ду сохтори нави назоратӣ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз ҳисоби муттаҳид сохтани ҳафт мақомоти санҷиши ду вазорат ду сохтори нав – Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода шуд.

Ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдорро дар ин хусус ба қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ” маъқул шуморид.

Ҳамин тариқ, Кумитаи бехатарии назди ҳукумат дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии таъсис дода шуд. Ҳамаи ин мақомот қаблан дар назди Вазорати кишоварзӣ амал мекарданд.

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ дар заминаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ таъсис дода шудааст.

Дар шарҳи моҳияти тағйиру иловаҳо ба вакилони парлумон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода қайд кард, ки дар доираи ислоҳоти соҳаи санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ қаблан дар заминаи ду воҳиди Вазорати нақлиёт Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумат таъсис ёфта буд.

Ӯ таъкид дошт, ки  ин тадбирҳо ба сарфакорӣ дар воситаҳои буҷет аз ҳисоби кам кардани шумори басти воҳидҳои корӣ (штат)-и мақомоти санҷишӣ аз 386 то ба 279 воҳид мусоидат намуданд.

Дар натиҷа, зикр кард Ҳамрализода, шумори умумии санҷишҳои ин мақомот аз 78,7 ҳазор адад дар соли 2016 то ба 39,2 ҳазор адад дар соли 2018 кам шудааст.

Раиси Кумита илова намуд, ки бо қабули тағйироту иловаҳои нав ба қонун, шумори умумии мақомоти давлатии санҷишӣ то 25 адад кам мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...