Чарогоҳро яке соҳибӣ дораду чорворо каси дигар. Чаро гӯшт қимат мешавад?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон бо сабаби гаронии хӯроки чорво ва дастнорас будани заминҳои чарогоҳ барои чорводорон боло меравад.

Ҳамасола бо фарорасии моҳи Рамазон мардум ба масъалаи қиматшавии гӯшт дар бозорҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Соли равон нархи як кило гӯшт то 45-50 сомонӣ боло рафт. Бо 40 сомонӣ акнун метавон гӯшти пастсифатро харидорӣ намуд.

Фурӯшандагон мегӯянд, нархҳо барои он боло мераванд, ки дар моҳи Рамазон талабот ба гӯшт зиёд шуда, он камёфту серхаридор мешавад.

Мутахассисон бошанд, бар ин назаранд, ки ба арзиши гӯшт муносибатҳо миёни соҳибони чарогоҳҳо ва чорводорон таъсир мерасонад.

Шахсоне, ки дар хонаашон чорво парвариш мекунанд, аз он шикоят доранд, ки ба чарогоҳҳо дастрасӣ надошта, барои чаронидани молҳояшон дар чарогоҳҳо моликони он пули калон талаб мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ҳамаи заминҳои чарогоҳи Тоҷикистон 3,8 млн. гектарро ташкил дода, беш аз 70%-и қаламрави он дар дасти хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва фермерӣ қарор дорад. Онҳо асосан бо роҳи ба иҷора додани чарогоҳҳо даромад мегиранд.

“Бозори гӯшти Тоҷикистон чандон қобили таваҷҷуҳ нест, зеро ба он маблағгузории зиёд лозим буда, то худкифоягӣ расидани тиҷорат дар чорводорӣ на камтар аз 10 сол вақт зарур аст, лекин агар замини худро надошта бошед, ин соҳа барои сармоягузор ба сурати умум зиёновар хоҳад буд, – чунин мешуморад фермер Турғун Обидов. – Аз ин рӯ, барои моликони чарогоҳҳои қаламравашон бузург аз машғул шудан ба чорводорӣ, иҷора додани он бештар фоидаовартар аст”.

Дар Тоҷикистон ба истеҳсоли гӯшт асосан дар хонаводаҳо машғуланд. Тибқи маълумоти ахири Агентии омор, беш аз 93% чорвои калони шохдор ва 82% чорвои майда дар бахши хусусӣ парваришу нигаҳдорӣ мешавад.

Аз 261 ҳазор тонна гӯшти истеҳсолшуда соли 2018 дар Тоҷикистон 247 ҳазор тоннааш ба ҳиссаи бахши хусусӣ рост меояд.

“Дар шароити ба чарогоҳҳо соҳиб будани якеву чорво дар дасти дигаре, арзиши нигаҳдориву парвариши чорво бамаротиб боло меравад. Гузашта аз ин, соҳибони чарогоҳҳо ҳамасола нархи иҷораи чарогоҳҳоро зиёд мекунанд”, – мегӯяд Обидов.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи истеҳсолкунандагони гӯшт, ҳамаи заминҳои барои парвариши хӯроки чорво пешбинишуда низ дар ихтиёри хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва фермерӣ мебошанд.

Онҳо ба чорводорӣ машғул нашуда, аз ин рӯ, хӯроки чорво парвариш намекунанд ва Тоҷикистон онро аз хориҷи кишвар ворид мекунад. Ҳамаи ин ба арзиши аслии гӯшт таъсир мерасонад, чунки нигаҳдориву парвариши чорво дигар фоидаовар нашуда, баръакс зиён мерасад, мегӯянд онҳо.

Аҳолии машғул ба нигаҳдориву парвариши чорво маҷбуранд маҳсулоташонро гарон фурӯшанд, вагарна машғулият ба ин кор даромад нахоҳад овард.

“Давлат бо тадбирҳои маъмурӣ барои дар як сатҳ нигаҳдории нархҳо ба маҳсулоти чорводорӣ талош варзида, лекин аз қонунҳои бозор ҷой гурез нест, – мегӯяд коршинос, зоотехник Абдулло Дӯстматов.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...