Зинаи ҳаштуми Алишер Усмонов дар рӯйхати сарватмандтарин сокинони Британия

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Нашрияи The Times рӯйхати 1000 сокини сарватманди Британияро нашр кард. Се тоҷири Русия дар шумори 10 сокини сарватмандтарини Британия қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар рӯйхати анъанавие, ки ҳамасола нашр мешавад, бори аввал аст, ки Михаил Фридман – яке аз ҳаммуассисони Alfa Group ва ширкати сармоягузори LetterOne – низ шомил мешавад. Фридман бо 10,9 миллиард фунт стерлинг дар мақоми 9 қарор дорад.

Ба навиштаи расона, Фридман дар соли 2016 бо арзиши 65 миллион фунт дар шимоли Лондон манзил харидааст. Forbes аз вай ба унвони сарватмандтарин сокини пойтахти Британия ном бурда буд.

Алишер Усмонов – олигархи ӯзбектабори Русия дар мақоми ҳаштум қарор дорад. Ба навиштаи расона, вай бештар аз 11 миллиард фунт дорад. Усмонов зодаи вилояти Намангони Ӯзбекистон аст. Вай мудом ба рӯйхати одамони сарватманди Русия шомил мешавад. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 12,6 миллард доллар баҳо дода буд.

Дар рӯйхати 1000 сокини сарватманди Британия Роман Абрамович бо 11 миллиард фунт дар мақоми 8 қарор гирифтааст. Ба иттилои нашрия, ҳам Усмонов, ҳам Абрамович соли гузашта сарвати бештар ҷамъ кардаанд.

Дар мақоми аввал зодагони Ҳинд – бародарон Шрӣ ва Гопӣ Ҳиндуя бо 22 миллиард фунт стерлинг ҷо гирифтаанд. Онҳо ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат ва молия машғул ҳастанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...