Зинаи ҳаштуми Алишер Усмонов дар рӯйхати сарватмандтарин сокинони Британия

Нашрияи The Times рӯйхати 1000 сокини сарватманди Британияро нашр кард. Се тоҷири Русия дар шумори 10 сокини сарватмандтарини Британия қарор гирифтаанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар рӯйхати анъанавие, ки ҳамасола нашр мешавад, бори аввал аст, ки Михаил Фридман – яке аз ҳаммуассисони Alfa Group ва ширкати сармоягузори LetterOne – низ шомил мешавад. […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Нашрияи The Times рӯйхати 1000 сокини сарватманди Британияро нашр кард. Се тоҷири Русия дар шумори 10 сокини сарватмандтарини Британия қарор гирифтаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар рӯйхати анъанавие, ки ҳамасола нашр мешавад, бори аввал аст, ки Михаил Фридман – яке аз ҳаммуассисони Alfa Group ва ширкати сармоягузори LetterOne – низ шомил мешавад. Фридман бо 10,9 миллиард фунт стерлинг дар мақоми 9 қарор дорад.

Ба навиштаи расона, Фридман дар соли 2016 бо арзиши 65 миллион фунт дар шимоли Лондон манзил харидааст. Forbes аз вай ба унвони сарватмандтарин сокини пойтахти Британия ном бурда буд.

Алишер Усмонов – олигархи ӯзбектабори Русия дар мақоми ҳаштум қарор дорад. Ба навиштаи расона, вай бештар аз 11 миллиард фунт дорад. Усмонов зодаи вилояти Намангони Ӯзбекистон аст. Вай мудом ба рӯйхати одамони сарватманди Русия шомил мешавад. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 12,6 миллард доллар баҳо дода буд.

Дар рӯйхати 1000 сокини сарватманди Британия Роман Абрамович бо 11 миллиард фунт дар мақоми 8 қарор гирифтааст. Ба иттилои нашрия, ҳам Усмонов, ҳам Абрамович соли гузашта сарвати бештар ҷамъ кардаанд.

Дар мақоми аввал зодагони Ҳинд – бародарон Шрӣ ва Гопӣ Ҳиндуя бо 22 миллиард фунт стерлинг ҷо гирифтаанд. Онҳо ба сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат ва молия машғул ҳастанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.