Роҳхати сафари Самарқанд ба 6 ҷуфт оилаи намунавии Хуҷанд

Дар хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва як қатор оилаҳои фаъоли шаҳр аз Рӯзи оила таҷлил карда шуд. Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва […]

Дар хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва як қатор оилаҳои фаъоли шаҳр аз Рӯзи оила таҷлил карда шуд.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад, Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки оила рукни асосии ҷомеа маҳсуб меёбад ва аъзои он бо солимиву фаъолнокии худ ба ҷамъият ва давлат нафъи зиёд меоварад.

Гуфта мешавад, раиси шаҳр таъкид дошт, ки тоҷикон соҳиби анъанаи хуби оиладорӣ мебошанд, ки он ҳамаи масоили марбут ба оила ва муносибату муоширати байни аъзои оиларо дарбар мегирад, ки риоияи он имкон медиҳад, оилаҳои босуботу пойдор ва хушбахт бештар шавад.

Дар анҷоми суханронии худ Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳамасола ҷиҳати таҳкими оила, тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бундёкориву созандагӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Сипас, аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд ба 6 ҷуфт оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла оилаи адибон Наҷимовҳо аз маҳаллаи Масҷиди Савр, оилаи барқароркунандагони сохти конститусионӣ Раҳимовҳо аз маҳаллаи Тути калон, оилаи кормандони соҳаи ободонии шаҳр Нишоновҳо аз маҳаллаи Суғдиён, оилаи зиёиён Қосимовҳо аз маҳаллаи Сайҳун, оилаи маорифчиён Бобоҷоновҳо аз маҳаллаи Навбаҳор ва оилаи ҷавон Ҷалоловҳо аз маҳаллаи 1 май роҳхати сафари 3-рӯза ба шаҳри бостонии Самарқанд ва китоби тозанашри «Нигина ва Мирмалик»-и адиби шинохта Додохони Эгамзод дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Ёдрас мешавад, ки соли гузашта низ чунин иқдом аз ҷониби шаҳрдорӣ, яъне ташкили сафари оилаҳои намунавӣ ба шаҳри бостонии Самарқанд дар Рӯзи байналмилалии оила сурат гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.