Сафири Туркия ба нишони эътироз маъракаи ифтори муфтиёти Қирғизистонро тарк кард

Сухангӯи Идораи мусалмонони Қирғизистон Мақсад Отабоев баҳси сафири Туркия дар Бишкек Комил Фуротро бо муфтии ин кишвар дар як ифтор шарҳ дод. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, сафири Туркия ба нишони эътироз ифтореро тарк мекунад. Комил Фурот ба иштироки раҳбари пешини шабакаи мактабҳои "Сапат" […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сухангӯи Идораи мусалмонони Қирғизистон Мақсад Отабоев баҳси сафири Туркия дар Бишкек Комил Фуротро бо муфтии ин кишвар дар як ифтор шарҳ дод.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, сафири Туркия ба нишони эътироз ифтореро тарк мекунад. Комил Фурот ба иштироки раҳбари пешини шабакаи мактабҳои "Сапат" Орхан Инон дар ифтори мазкур норозигӣ баён кардааст.

Гуфта мешавад, дипломати турк муфтии Қирғизистон Мақсадбек Тоқтомушевро сарзаниш карда, гуфтааст, "ё Туркия ё созмони террористиро интихоб кунед". Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки Туркия бо 35 млн доллар дар Қирғизистон масҷид сохт.

"Ҳангоми даъват ба ифтор одамонро аз ҳам ҷудо намекунанд. Ҳама даъват шуда буданд. Як нофаҳмӣ сар зад, вале ҳоло ҳамааш хуб аст", – изҳор дошт Отабоев.

Зикр мегардад, ки ин ҳодиса 8 май рух дода, талошҳо барои дарёфти назари сафорати Туркия дар ин замина бенатиҷа буданд.

Мактабҳои "Сапат" соли 1992 фаъолиятро дар Қирғизистон бо номи "Себат" оғоз карданд. Бунёдгузори онҳо руҳонии мухолифи турк Фатҳуллоҳ Гюлен аст, ки Анқара ӯро дар ташкили табаддулоти нокоми давлатӣ дар Туркия айбдор мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.