Ҷасади муҳоҷирзани тоҷики дар Клин фавтида ба ватан фиристода мешавад

Asia-Plus

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook корбари шабака Bakht Ovar хабар медиҳад. Ӯ зикр кардааст, ки Гулбегим ҳанӯз рӯзи 2 май дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст.

Ҷасади Гулбегим Раҳмонова муддати тӯлонӣ дар мурдахона (морг) шахсияташ номаълум нигоҳ дошта шуд. Bakht Ovar тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон муроҷиат намуд, то ки ба маълум кардани шахсияти марҳум кумак расонанд, вагарна ҷасад ҳамчун бесоҳиб сӯзонида (крематсия) мешуд.

“Ба ман хабар доданд, ки дар мурдахонаи шаҳри Клин ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, агар наздикону пайвандонаш ҷасадро нагиранд, он сӯзонида мешавад”, – навишта буд ӯ.

Бо талоши диаспораи тоҷикон ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо намуда, маълум шуд, ки Гулбегим Раҳмонова аз ноҳияи Ҳамадонӣ будааст. Пас аз марги шавҳар ӯ моҳи феврали соли 2019 барои пулкоркунӣ ва таъмини рӯзгори оила ба Русия рафтааст.

Акнун ду фарзандӣ ӯ – Юсуфи 8-сола ва Абдуллои 3-сола, ки дар тарбияи бибиашон – модари Гулбегим қарор доштанд, ятим монданд.

Бино ба маълумоти расонаи мустақили “Ахбор” дар ин робита, Гулбегим Раҳмонова бо чанде аз дугонаҳояш ба ҷустуҷӯи кор ба ин шаҳр омада, дар як шароити хеле номуносиб дар як таҳхона зиндагӣ мекардаанд. Дугонаҳои Гулбегим гуфтаанд, ки вақте пулис онҳоро дар он таҳхона дастгир кард, Гулбегим сахт тарсид ва дилаш ҳамон вақт зад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...