Кумаки техникии Чин ба милитсияи Душанбе ба маблағи 2 млн. сомонӣ

Дар доираи сафари расмии ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини Чин ба Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷониба байни мақомоти пулиси ин шаҳр бо милитсияи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ҷаноби Сун Тсзяню ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе […]

Дар доираи сафари расмии ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини Чин ба Тоҷикистон масоили ҳамкории дуҷониба байни мақомоти пулиси ин шаҳр бо милитсияи шаҳри Душанбе баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳайати меҳмонон таҳти роҳбарии сардори Департаменти бехатарии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ҷаноби Сун Тсзяню ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо фаъолият ва шароити кории кормандони милитсияи пойтахт шиносоӣ пайдо намуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар толори хурди Раёсат мулоқоти дуҷониба доир намуда, дар ҷараёни он ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубориза зидди ҷинояткорӣ, баргузории чорабиниҳои профилаткикӣ-фаҳмондадиҳӣ, таҳким бахшидани робита бо мардум, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он байни ҳам мубодилаи афкор намуда, оиди дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯ намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати меҳмонон ҳамчунин ёрии техникӣ, ки иборат аз 1 адад автобус, 1 адад автомашинаи сабукрав (ҶИП) ва дигар воситаҳои техникӣ ва мухобиротӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн. сомонӣ мебошад, ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе намоиш дода, дар маросими тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти политсияи шаҳри Нанкин ба роҳбарияти милитсияи шаҳри Душанбе расман супорида шуд. Қайд шуд, ки ингуна ёрии техникӣ барои милитсияи шаҳри Душанбе дар оянда низ идома дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.