Ҷасади муҳоҷирзани тоҷики дар Клин фавтида ба ватан фиристода мешавад

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешавад. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook корбари шабака Bakht Ovar хабар медиҳад. Ӯ зикр кардааст, ки Гулбегим ҳанӯз рӯзи 2 май дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст. Ҷасади Гулбегим Раҳмонова муддати тӯлонӣ дар мурдахона (морг) […]

Ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон фиристода мешавад.

Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook корбари шабака Bakht Ovar хабар медиҳад. Ӯ зикр кардааст, ки Гулбегим ҳанӯз рӯзи 2 май дар шаҳри Клини вилояти Маскав бар асари сактаи қалб вафот кардааст.

Ҷасади Гулбегим Раҳмонова муддати тӯлонӣ дар мурдахона (морг) шахсияташ номаълум нигоҳ дошта шуд. Bakht Ovar тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба корбарон муроҷиат намуд, то ки ба маълум кардани шахсияти марҳум кумак расонанд, вагарна ҷасад ҳамчун бесоҳиб сӯзонида (крематсия) мешуд.

“Ба ман хабар доданд, ки дар мурдахонаи шаҳри Клин ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, агар наздикону пайвандонаш ҷасадро нагиранд, он сӯзонида мешавад”, – навишта буд ӯ.

Бо талоши диаспораи тоҷикон ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо намуда, маълум шуд, ки Гулбегим Раҳмонова аз ноҳияи Ҳамадонӣ будааст. Пас аз марги шавҳар ӯ моҳи феврали соли 2019 барои пулкоркунӣ ва таъмини рӯзгори оила ба Русия рафтааст.

Акнун ду фарзандӣ ӯ – Юсуфи 8-сола ва Абдуллои 3-сола, ки дар тарбияи бибиашон – модари Гулбегим қарор доштанд, ятим монданд.

Бино ба маълумоти расонаи мустақили “Ахбор” дар ин робита, Гулбегим Раҳмонова бо чанде аз дугонаҳояш ба ҷустуҷӯи кор ба ин шаҳр омада, дар як шароити хеле номуносиб дар як таҳхона зиндагӣ мекардаанд. Дугонаҳои Гулбегим гуфтаанд, ки вақте пулис онҳоро дар он таҳхона дастгир кард, Гулбегим сахт тарсид ва дилаш ҳамон вақт зад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.